“ПУЛ – САРФАКОР БОШ! БА НАКША ГИР! ПАСАНДОЗ НАМО!”
Дар тамоми кишвар маъракаи иттилоотию фароғатии «ПУЛ» оғоз гардид. "ПУЛ" он чизест, ки ҳар яки мо бо он ҳар рӯз рӯ ба рӯ мешавем.
Оё мо метавонем бо пул ҳамеша муносибати дурусту самаранок дошта бошем? Чӣ метавонад ба мо кӯмак кунад, ки аз вазъият бештар мустақил бошем ва ба сӯи ҳадафҳо ва орзуҳои молиявии худ озодона ҳаракат кунем? Инҳо саволҳое ҳастанд, ки маъракаи ПУЛ ба онҳо посух хоҳад дод.
Дар бораи ПУЛ
Дар фазои дӯстона ва ошкоро мо дар бораи монеаҳое, ки ба муваффақияти молиявӣ халал мерасонанд, муҳокима мекунем ва якҷоя барои рушд ва некӯаҳволӣ анъанаҳои нав месозем.
Сериали «Дукон»
Силсилафилми «Дукон»
Силсилафилми нави баландбуҷаи жанри ҳаҷвияву драммавӣ «Дукон» аз коргардонҳои тоҷики сертаҷриба, ки ин таҷрибаро онҳо аз сабти филму намоишҳои зиёд дар давлатҳои ҳамсоя ба даст овардаанд.
“Деворҳои ноаён”
Танҳо худи шумо метавонед “деворҳои ноайён”ро ёбеду бубинед, ки дар роҳи ҳаёти муваффақу босубот истода бошад.
Тадқиқоти иҷтимоӣ
Аввалин маротиба дар Тоҷикистон таҷрибаи иҷтимоие гузаронида шуда буд, ки нишондоди “таъсири омма” дар қабули қарорҳоро нишон дод. Иштирокчиён мақсади тадқиқотро намедонистан ва аз натиҷаҳояшон дар ҳайрат монда буданд.

Ахбор

Дар хамкорй бо
Дар хамкорй бо